Ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Брэд Питт бо иҷрои  як нақш олим ва инфексияшиноси аршади ИМА Энтонӣ Фаучиро дар скетч-шоу шоуи Saturday Night Live тақлид кард Чанде пеш бо оҳанги шӯхӣ гуфта буд, ки  дар мавсими нави барнома нақши ӯро ҷоизадори “Оскар”  иҷро намояд. Хоҳиши пизишкро ба сомон расониданд. Навор дар шароити худинзивоъ  сабт шуда, дар торнамо паҳн шудааст.   

Бред Питт пешорӯи курсӣ нишаста, ба сар мӯйи сунъии сафед ва ба чашм айнак монда, нақши Фаучиро, ки  дар ҳоли шарҳу тавзеҳ додани охирон паёми Доналд Трамп аз коронавирус буд, офаридааст.

Баъди наворе, ки дар он роҳбари ИМА қавл медиҳад, авҷгирии вирус “ба таври мӯъҷизавӣ” тамом хоҳад шуд, Питт гуфтааст: “Мӯъҷиза, албатта, бисёр хуб ва ғалатӣ аст. Кӣ мӯъҷизаро дӯст намедорад? Лекин он набояд нақшаи “А” бошад. Ҳатто ҳавонавард Чеслӣ Салленбергер то охирон фурудойӣ ҳамаашро ба нақша мегирифт”.

Брэд Питт “воксини бар зидди COVID-19 ҳарчи зудтар сохта хоҳад шуд”, – гуфтани Доналд Трампро низ зери танқид гирифтааст.

Ниҳоят, ҳунарманд мӯйи сунъиашро кашида,  ба Этонӣ Фаучии ҳақиқӣ ва ба кулли кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бо вирус мубориза мебаранд, изҳори сипос мекунад.

Тавре ОИР “Новости” меорад, ин навор дар YouTube 10 миллион тамошобин дорад ва 150 ҳазор кас писандидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here