Рузи 24-майи соли равон бозори марказии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон оташ гирифт. Ин сӯхтор боиси нобуд шудани чанде аз дукону мағозаҳои соҳибкорони ин бозор гаштаст.

Як манбаъ  аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Фараж”  гуфт, ки сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус рӯзи 24-уми май соати 17:20 дақиқа  ба амал омад.

— Барои хомӯш кардани сӯхтор 11 адад воситаи нақлиёти оташхомушкунӣ сафарбар шуда буданд, ки онҳо тавонистанд ба зӯди сӯхторо хомӯш кунанд, аммо чанде аз дуконҳои соҳибкорон ба коми оташ рафтаст, — илова карданд аз Раёсати мазкур.

Ҳоло барои муайян кардани зарар аз сӯхтор гурӯҳи кори ташкил шудааст, ки хисороти онро ҳисоб мекуаанд. Дар назар аст, ки пас аз се рӯз пурра зарари сухтор муайян карда шавад, — гуфт аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Шаҳритуз Лоиқов Саймуддин гуфт:

— Тибқи маълумоти фаврие, ки шахсони мутасаддӣ ба мо доданд,  сабаби сухтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ аст. Рӯзе, ки дар бозор сухтор  ба амал омад, дар ноҳия дамои ҳаво бениҳоят баланд буд. Гуфтан мумкин аст, ки 70 — 80 дарсади иншооти хизматрасонии дохили бозор ба коми оташ рафт. Тибқи ҳисоботи пешакӣ хисороте, ки соҳибкорон аз молашон дидан 40 то 50 дарсадро ташкил медиҳад.

— Бештар фурушандагони зарардида сокиноне, ки аз ноҳияи Шаҳритус набуданд.  Махсусан соҳибкорони ноҳияи Қубодиён, ки дар ин бозор нуқтаҳои савдо доштанд, то онҳо хабар ёфта оманданд, ки молҳояшон пурра ба коми оташ рафтанд. Дар дохили Бозори марказӣ марказҳои савдои хусусӣ низ буданд, ки тахминан 600 нафар соҳибкор зарар диданд. Аз Тоҷикматлуботи ноҳияи маълумот доданд, ки  беш аз 400 соҳибкор дар ин сухтор зарар диданд. Онҳое, ки бо Тоҷикматлуботи ноҳия шартнома доранд, ба онҳо кумак хоҳанд кард, — илова кард ӯ.

— Ҳангоме бозор оташ гирифт, нақлиёти оташхомушкунӣ имкони вориди бозор шудан наёфтанд, зеро роҳравҳоро баъзе соҳибкорон танг ё маҳкам карда буданд. Баъдан аксари дуконҳо аз масолеҳи плостик сохта шудаанд ва дуконҳое, ки  хурокворӣ доштанд, аз ҷумла равғани растанӣ, суръати сухторро бештар карданд. Ҳайати шахсии Хадамоти оташнишонӣ сараввал хонаҳои атрофи бозор ва филиали “Амонатбонк”-и ноҳия, ки он дар назди бозор буд, аз оташсӯзӣ пешгирӣ карданд. Хушбахтона, дар ин сухтор ягон ҳодисаи фавт ба қайд гирифта нашудааст, — гуфт Саймуддин Лоиқов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here