Шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарси баста шудани бозор ва манъ гардидани интиқоли орд аз кишварҳои хориҷа, ба бозору фурӯшгоҳҳои бузург баромада, орду маҳсулоти дигари воридотиро барои захираи чанд моҳ харидорӣ  мекунанд.

Дар назди даромадгоҳи КВД “Бозори Саховат”, аз субҳи боронии рӯзи 5-уми март сокинон барои харидани орд дар навбат буданд. Бетартибиву ба ҳарос афтидани онҳо манзараеро ба хотир меовард, ки гӯё коронавирус ба кишвар интиқол ёфтааст.

Директори КВД “Бозори Саховат” Саидалӣ Файзалӣ дар суҳбат ба хабарнигори Faraj.tj гуфт, ки дар муддати 4 соат, аз соати 9-и субҳ то 13-и нисфирӯзӣ, 40 тонна орд ба миқдори 2700 халта ба фурӯш рафт.

– Ҳоло боз як нақлиёти дигар дар роҳ асту чанд лаҳза пас ба бозор мерасад, – таъкид намуд Саидалӣ Файзалӣ. – Асосан, харидорони орд сокинони ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе мебошанд, ки ба бозор омадаанд.

Ба қавли Саидалӣ Файзалӣ нархи орд дар бозор, новобаста аз талаботи зиёди мардум ба ин навъи маҳсулот, тайғир наёфта, 185-190 сомонӣ боқӣ мондааст.

Харидорон ба Faraj.tj гуфтанд, ки асосан аз бими гарон шудани арзиши орд ба бозор баромадаанд, то онро барои чанд муддат захира кунанд.

Сокини пойтахт Гулой Ҷамолова гуфт, ки арзиши орд аллакай дар бозорҳои дигари пойтахт ба 210 сомонӣ баробар шудааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат муроҷиат менамояд, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор, вобаста ба кам  шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ, бовар накунанд. Барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хурокворӣ худдорӣ кунанд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода дар брифинги хабарии дирӯза гуфт, хушбахтона, то 5-уми март ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Шаҳрвандоне, ки аз 77 кишвари сироятёфтаи дунё ба Тоҷикистон меоянд, зери назорати духтурон қарор дода мешаванд.

Добавить комментарий