Шабонарӯзи 10-уми май, дар Чин 17 ҳолати нави сирояти коронавирус ва 12 аломати монанд ба ин беморӣ  сабт гардидааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии Чин хабар дод.

Шаш нафари гирифторшудагони коронавирус дар Вуҳан ба қайд гирифта шудааст, гузориш додааст Вазорати тандурустӣ. 7 ҳолати дигари дар шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шудааст.

Аз 3-юми апрел то 10-уми май, дар Вуҳан  ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд.

Айни замон, дар муассисаҳои тибии Чин 141 нафар ба табобат фаро гирифта шуда, саломатии 9 каси онҳо дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Добавить комментарий