Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти корманди масъули Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба иттилои Агентӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи пардохти кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Расулова Майсара Бобораҷабовна зимни фаъолияти корӣ, аз ваколатҳои мансабӣ истифода карда, тӯли солҳои 2017 – 2019  бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 нафар шаҳрванд 333508 (сесаду сиюсе ҳазору панҷсаду ҳашт) сомониро аз худ кардааст.

“Номбурда ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронидааст ва тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ “Амонатбонк” тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.

Агентӣ мегӯяд, нисбати Расулова М. Б. бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Добавить комментарий