Чанде пеш дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук навори қоидавайронкунии як нафар ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақамҳои қайди давлатиаш 1685 СР 01 нашр гардида буд. Қоидавайронкуниҳои номбурда мавриди вокуниши шадиди мардум, махсусан корбарони саҳифаи иҷтимоии Фейсбук, қарор гирифт.

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиати мазкур муайян карда шудааст,ки автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақамҳои қайди давлатиаш 1685 СР 01 ба шаҳрванд Муродов Файзалӣ Авазович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи С. Айнӣ 76/6 таалуқ доштааст. Дар пурсиш номбурда иброз доштааст, ки дар ҳақиқат ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Шерозӣ ба самти кӯчаи Қарабоев қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда ва инчунин ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Ғайр аз ин дар натиҷаи санҷиш тавассути камераҳои Маркази автоматикунонии  «Шаҳри бехатар» муайян шудааст, ки номбурда дар 26 ҳолати дигар низ қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона дар муддатҳои гуногун вайрон кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раёсати  ВКД  бо назардошти ҳолатҳои қоидавайронкунии  мазкур нисбати шаҳрванд Муродов Файзалӣ барои бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи мазкур то пурра барқарор намудани ҷаримаҳои 26 ҳолати қоидаваронкунӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here