Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошт шудани як корманди тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/5 СРИҶҶ ВА ҶТ хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ҷонишини сардор оид ба кор бо ҳайати шахсӣ ва тарбияи ҳайати махсуси ин боздоштгоҳи муваққатӣ Холиқов Маснадқул Юнусович аз шаҳрванд “А” барои аз тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/5-и шаҳри Истаравшан ба муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон интиқол надодани бародараш 700 доллар гирифтааст. Ӯ пас аз гирифтани ин маблағ, аз корафтода боз 600 доллар талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Холиқов Маснадқул Юнусович баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 600 доллар дар ҷойи ҳодиса дасгир карда шуда, маблағи зикргардида аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Нисбати Холиқов Маснадқул Юнусович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ ба суди шаҳри Истаравшан ирсол гардидааст. Нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шудааст.

Добавить комментарий