7-уми августи соли 2017 дар асоси иттилооти манбаи муътамад кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, шаҳрвандон И. К. ва Н. М.-ро боздошт бо гумони ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани ҳашиш дастгир кардаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Номбурдагон аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз харидори шартӣ дар 2 баста маводи фишӯрдашудаи рангаш ҷигарии бӯйи махсусдоштаро ҳамчун воситаҳои нашъадор харида, 25-уми августи соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон онро ба харидори шартӣ фурӯхтаанд.

Инчунин, 31-уми августи соли 2017 ҳангоми ба харидори шартӣ ба фурӯш баровардани воситаи нашъадор, дар назди дарвозаи беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бар ивазаш гирифтани автомашинаи тамғаи «Тойота Кемрӣ» рангаш сафед, бе рақами қайди давлатӣ, ки дар коркарди оперативӣ қарор дошт, шаҳрванд И. К. аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дастгир карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи экспертӣ-судӣ ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маводҳои дар боло қайдгашта, ба воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» мансуб буда, вазни холиси он дар маҷмуъ 6 киллограмму 591 грамм будааст.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрвандон И. К., Н. М. ва дигарон бо моддаи 200 қисми 4 банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here