Директори собиқи Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» ва директори ҶДММ «Диёрсоз» бо гуноҳи қаллобӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми дар вазифаи директори КВД “Сохтмони манзили дастрас” кор карданаш бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ “Диёрсоз”, марди 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев рӯзи 25-уми январи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 310080-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий