Бонки миллии Узбекистон (БМУ) аз 5-уми сентябр қурби як доллари амрикоиро дар баробари пули миллии ин кишвар 8 ҳазору 100 сӯм муайян кард, ки нисбат ба қурби ҳафтаи ахир (4210,35 сӯм) 3 ҳазору 889,65 сӯм бештар аст.

«Бар пояи таҳлили омилҳои муайянкунандаи қурби асъор барои солҳои 2003-2017 ва бо назардошти натоиҷи муомилоти санҷишии бонкҳо бо асъори хориҷӣ қурби як доллари амрикоӣ дар кишвар 8000-8150 сӯм муайян карда шуд», — чунин омадааст дар иттилоияи БМУ.

Бонки миллии Узбекистон арзиши сӯмро дар баробари асъори хориҷии дигар низ поин бурдааст. Қурби як евро 9645,48 сӯм муайян шудааст, ки нисбат ба қурби ҳафтаи гузашта 4678,601 сӯм зиёд аст. Арзиши як рубли русӣ то ба 139,91 сӯм боло бурда шудааст. Арзиши 1 сомонӣ ба 920,45 сӯм баробар будааст.

«Бонки миллӣ минбаъд ҳар рӯзи душанбе қурби миёнаи асъори хориҷиро муайян мекунад, ки барои умури ҳисобдорӣ, гузоришҳои оморӣ ва муомилоти асъори хориҷӣ, пардохтҳои гумрукию боҷҳои ҳатмии дигар дар ҳудуди Узбекистон истифода хоҳад шуд», — афзудааст БМУ.

Қурби сӯм баъди ба имзо расидани фармони президенти Узбекистон «Дар бораи чораҳои аввалия барои озодсозии сиёсати пулӣ» аз 2-юми сентябр якбора поин бурда шуд.

Добавить комментарий