Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии нави намунаи соли 2018-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад, хабар медиҳад «Ховар» дар такя ба маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ, таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ ва такмил додани унсурҳои ҳимоявии он Бонки мазкур  пулҳои қоғазии навро ба муомилот мебарорад.

Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонии намунаи соли 2018 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит барои ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2018 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200, 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Добавить комментарий