«Бонки Эсхата» бахшида ба 25-солагии фаъолияташ барои дарёфти “Ҷоми Бонки Эсхата” миёни ҷавонон мусобиқаҳои футболи ҷумҳуриявӣ ва минтақавиро ташкил кард. Бозиҳои мазкур барои бедор кардани таваҷҷуҳи насли наврас ба тарзи ҳаёти солим ва футбол равона шудаанд.

Аз 6 то 10-уми июл дар шаҳри Хуҷанд дар Мактаби варзишии кӯдакону ҷавонони №1-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи минтақавӣ доир гардид, ки дар он дастаҳои гуногуни футболи вилояти Суғд ширкат варзиданд. Дар мусобиқа дар маҷмӯъ 8 даста аз тамоми вилоят иштирок доштанд.

10-уми июл мусобиқаҳои минтақавӣ дар вилояти Суғд анҷом ёфт, ки дар натиҷаи он ғолибон ва беҳтарин бозигарон муайян шуда, бо дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Бозиҳои мазкур дар сатҳи баланд гузаронида шуда, иштирокчиёни онҳо фаъолона бозӣ карданд. Ҳар як даста сазовори ғалаба буд. Дар натиҷа, ҷойи аввал насиби дастаи “Мактаби махсусгардонидашудаи варзишии футбол, варзиш бо асп ва поло” гардида, ҷойи дуюмро дастаи “Мактаби варзишии Истаравшан” ва ҷойи сеюмро дастаи «Мактаби варзишии Дӯстӣ» ишғол карданд.

Дар бозиҳо ташкилкунандагони мусобиқа ва меҳмонони махсус аз Федератсияи футболи вилояти Суғд ҳузур доштанд.

Ҷоизаи «Дарвозабони беҳтарин» ба Ҳакимов Беҳзод аз дастаи Истаравшан дода шуд. Ҷоизаи «Беҳтарин ҳимоятгар»-ро Алишер Ҳошимов аз дастаи “Садафи Хуҷанд” ба даст овард.

Ҷоизаи «Нимҳимоятгари беҳтарин ба Иброҳимов Файзулло аз дастаи “Садафи Хуҷанд” дода шуд.

Ҷоизаи “Зарбазани беҳтарин”-ро Муҳиддинов Салоҳиддин аз “Мактаби махсусгардонидашудаи варзишии футбол, варзиш бо асп ва поло” ба даст овард ва ҷоизаи “Бозигари беҳтарин” ба намояндаи ҳамин мактаб Худойдодов Ҳайдаршо лоиқ дониста шуд.

Дар доираи мусобиқа инчунин бозиҳои футбол миёни дастаҳои футболи ҷавонони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида мешаванд. Дар натиҷа беҳтарин дастаҳои ду минтақа дар бозии ниҳоӣ бо ҳамдигар барои “Шоҳҷоизаи Бонки Эсхата” рақобат хоҳанд кард.

Ба ғолибони бозиҳои минтақавӣ медалҳо ва “Ҷоми Бонки Эсхата” супорида шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here