Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тасмим гирифтааст, ки дар муассисаҳои варзишӣ ташкил кардани гурӯҳҳоро дар як қатор намуди варзиш қатъ кунад.

Бо мақсади иҷрои банди 11-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таёрии варзишӣ (Дар муассисаҳои варзишӣ, таъсис додани гурӯҳҳо оид ба намудҳои варзишие, ки ба зӯроварӣ, паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс равона гардидаанд, манъ мебошад) лоиҳаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки таъсиси гурӯҳҳо дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ аз 9 намуди варзише, ки ба зуроварӣ, паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс боис мегарданд, қатъ карда шаванд. Баъди ба ҳукми қонунӣ даромадани ин лоиҳа ташкили гурӯҳҳо дар бокси касбӣ, греплинг, муҳорибаҳои универсалӣ, муҳорибаҳои омехта (ММА ва монанди он), ҷанги тан ба тан, ҷанги тан ба тани касбӣ, К-1, панкратион ва ню-фул манъ карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур ба муҳокимаи масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарон пешниҳод шудааст, ки онҳо метавонанд то 30 сентябри соли равон таклифу пешниҳодҳои худро расман ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонанд.

Добавить комментарий