Арчаи солинавии шаҳри Бохтар дар ҳоли омодашавист, ки баландии 21 метрро дар бар мегирад. Дар омода намудани арчаи солинавӣ мутахассисон мувофиқи матлаб кор бурда, кӯшиш доранд, ки он дар сатҳи зарурӣ ва зебову диданӣ омодаву пешниҳод карда шавад

Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани соли нави мелодии 2019 дар шаҳри Бохтар як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуданд. Гузаронидани озмуни «Бобои барфӣ ва Барфаки беҳтарин» дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ба ин муносибат ва омода намудани арчаи солинавии шаҳри Бохтар аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки арчаи солинавии мазкур бо ороишоти замонавӣ (чароғноқилҳои ороишдиҳанда, бозичаҳои гуногун, чароғак ва ба амсоли ин) дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздикии мақбараи Исмоили Сомонӣ қомат рост мекунад.

Итминон меравад, ки соли нави 2019 бо арчаи солинавии баландии 21-метраи шаҳри Бохтар мувофиқи матлаб гузаронида мешавад ва дар соли нав мардум бо диди нав, қадамҳои устувор, иттифоқиву якдилӣ бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободониву пешрафти давлату миллат саҳм хоҳанд гузошт.

Добавить комментарий