Соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон беш аз 9 км роҳҳои аҳамияти маҳалидоштаро бо харҷи 5 миллиону 942 ҳазор сомонӣ аз таъмири ассосӣ бароварданд.

Муовини сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии  роҳҳои автомобилгарди минтақи Бохтар Набиҷон Ёқубов зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки солҳои охир бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳои харобгаштаи аҳамияти маҳалидошта таъмиру босозӣ мешаванд.

Манбаъ афзуд, дар ин давра боз 96 км роҳи дигар аз тарафи соҳибкорон сангфарш, 47 км таъмири ҷорӣ ва 12 пули мошингузар, ки ҳолати хароб доштанд, таъмиру бозсозӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён Нурмаҳмад Қаҳҳоров гуфт, ки аз тарафи соҳибкорони ноҳия дар 10 моҳи соли равон бо харҷи 915 ҳазор сомонӣ наздик ба 4 км роҳ таъмири асосӣ карда шуда, 3 км таъмири ҷорӣ, 2 км сангфарш  гардида, 2 пули мошингузар, ки барои рафтуомади нақлиёт мушкилӣ эҷод мекард, бозсозӣ карда шуданд. 

Ба гуфтаи масъулин, аз масофаи 1 ҳазору 991 километр роҳҳои маҳаллии минтақаи Бохтар беш аз 20 дарсади онҳо барои рафтуомади нақлиёт мувофиқ буда, боқимонда ба таъмиру бозсозӣ ниёз доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here