То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад сохтмони 268 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора  алакай беш аз 15 бинои  он ба истифода дода шудаанд.

Сармеъмори шаҳри Бохтар Ятимзода Валиҷон гуфт, ки то  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар 5 корхонаи саноатӣ, биноҳои баландошёна, муассисаҳои таълими барои 1240 хонанда, кохи фарҳанги иттилооти, бинои Сарраёсати омор, маркази саломатӣ,  бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхона, ҳаммом ва дигар иншооти ҳайётан муҳим ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, ки дар корҳои  ободониву бунёдкории  шаҳри Бохтар бештар саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас мебошад, зеро аксари иншоте, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар  ба нақша гирифа шудаанд, аз тарфи соҳибкорон мебошанд.

Ятимзода Валиҷон афзуд, ки ин ҳама талошҳои мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here