Соли гузашта аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 66  километр роҳ ва 99 пул бо харҷи 35  миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ шуда, садҳо километри дигар таъмири ҷориӣ ва сангфарш шудаанд. Дар ин бора роҳбари Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Файзулозода Насрулоҳ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Манбаъ зикр кард, ки бо дастгири  Вазорати нақлиёти кишвар дар ин давра беш аз 1 ҳазору 532 километр роҳ таъмири ҷорӣ,  32 километр таъмири асосӣ, 36 пул таъмир ва 676 аломати роҳ насб карда шудаст, ки маблағи он 9 миллион 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорон 34 километр роҳ таъмири асосӣ, 482 километр сангафаш, 100 километр  таъмири ҷорӣ  ва 63  пули мошингузар аз таъмири асосӣ  баровада шуд.  Харҷи ҳамаи корҳои иҷрошуда 26 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки танҳо аз ҳисоби соҳибкорони  ноҳияи Кушониён 8,25 километр роҳ таъмири асосӣ, 5,5 километр роҳ таъмири ҷорӣ, 13 километр роҳ сангфарш ва 5 пул таъмир карда шудаанд, ки  маблағи он 3 миллиону 184 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта аз ҳисоби ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа беш аз  1 миллиону 676 заҳор сомонӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳмияти маҳаллидошта ҷудо карда шудааст, ки ин барои таъмири роҳҳо нокифоя мебошад.

— Муассиса таъмиру нигоҳдории 2 ҳазору 749,2 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба уҳда дорад, ки ҳар сол бо дастгирии Ҳукумати кишвар, мақомоти маҳал ва соҳибкрон роҳҳо таъмиру таҷдид мешаванд, — қайд кард Файзулозода Насрулоҳ.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here