Соли гузашта ва давоми 2 моҳи соли равон аз тарафи кормандони корхонаи манзилию коммуналии шаҳри Бохтар 845 саги дайду ва сагҳои гирифтори бемориҳо безарар гардонида шуданд.

Директори корхонаи манзилию коммуналии шаҳри Бохтар Абдулқосим Мусоев  зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки бештар сагҳоро ба шаҳр аз дигар шаҳру ноҳияҳои оварда мепартоянд, ки ин ҳолат боиси зиёд шудани сагҳо дар шаҳри Бохтар  гардидааст.

Манбаъ гуфт, бо харҷи 6 ҳазор долар печ барои сузонидани ҳайвонҳои сироятдошта  аз хориҷа харидорӣ карда шудааст, ки дар ин печ сагҳои дайду сузонида мешаванд.

Сокинони шаҳри Бохтар низ аз зиёд будани сагҳои дайду дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, гуфтанд, ки шабона аз тарси сагҳои дайду метарсанд ба берун бароянд.

Абдулқосим Мусоев гуфт, ҳар рӯз сагҳои дайдуро, ки бештар дар назди партвоҳо мегарданд, безарар мегардонанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий