Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва саҳми соҳибкорони ватанӣ таъмиру азнавсозии  боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳр оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр Ятимзода Валиҷон зимни суҳбат иброз намуд, ки барои навсозии боғи мазкур 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, муҳлати анҷоми корҳо то ҷашни Наврӯзи имсола муайян гардидааст. Ҳамчунин, номбурда илова кард, ки барои харидории 18 намуд атраксиони замонавӣ 3 миллион сомонии дигар низ пешбинӣ шудааст. Дар баробари фароҳам шудани шароити истироҳати сокинон наздики 70 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Воқеан, солҳои охир дар ободиву бунёдкориҳои кишвар саҳми соҳибкорон бараъло мушоҳида гардида, ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти маҳаллӣ то рафт вусъати тоза касб мекунад. Раванди босуръати чунин ҳамкориҳо масири рушдро барои оянда боз ҳам ҳамвортар карда, боиси ғанӣ гардидани иқтисоди кишвар ва соҳибкорон хоҳад буд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here