Бо сабаби нарасидани муассисаҳои томактабӣ аз ҷамъи умумии кӯдакони шаҳри Бохтар ҳамагӣ 25 дарсадашон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шуда, боқимонда аз он маҳрум мебошанд.

Бино ба иттилои сардори Сараёсати омори шаҳри Бохтар Абдуғафор Султонов ҳоло дар ин шаҳр кӯдакони аз 1 то 6-сола 17 ҳазору 699 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод ҳамагӣ 2735 нафар ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда шудаанд. Ӯ гуфт, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ  ҳамагӣ 25 дарсадро ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Забирзода Қурбонбӣ хабар дод, ки ҳоло дар шаҳри Бохтар 20 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд.

— Дар онҳо 2735 кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин нокифоя мебошад. Барои рафъи ин мушкил соли гузашта дар шаҳри Бохтар бо дастгирии ҳукумати шаҳр ду кудакистон сохта ба истифода дода шудааст. Бояд то соли 2021-ум 4 муассисаи томактабии дигар сохта мавриди истифода қарор дода шавад, — илова кард мудири шуъбаи маорифи шаҳр.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи мураббиҳое, ки дар муассисаҳои томактабӣ ба кӯдакон таълиму тарбия медиҳанд, 193 нафар буда аз онҳо 110 нафар маълумоти олӣ дошта, 83 нафари дигар маълумоти миёна доранд.

Коршиноси маҳаллӣ  Шарифа Каримова изҳор дошт, ки омили асосии хуб ба роҳ монда нашудани таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо дорои маълумоти олӣ набудани ағлаби мураббияҳо ва ё худ тасодуфӣ будани онҳост. Ӯ гуфт, мураббӣ бояд психологияи кудакро хуб донад ва мувофиқи синну сол бо онҳо муносибат карда тавонад. “Агар вазъи кудакистонҳо ҳамин хел рафтан гирад, шояд дигар волидон кӯдакони худро ба кудкастонҳо надиҳанд”, — таъкид кард коршинос.

Аз сабаби кам будани муассисаҳои томактабӣ, дар баъзе аз онҳо аз меъёр зиёд кӯдакон ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд.

Мудири муасссиаи томактабии № 5 шаҳри Бохтар Файзигул Насридинова гуфт, ки муассиса соли 1966 барои 180 нафар кӯдак сохта шудааст, аммо имрӯз дар он 205 нафар кӯдак ҷалб шудааст, ки ин аз меъёр зиёд мебошад.

Мушкилии дигар дар муассисаҳои томактабии шаҳри Бохтар фарсудагии биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва шароити хуб надоштани  майдонҳои  бозии кӯдакон мебошад.

Рушди соҳаи маорифро Ҳукумати кишвар дар зинаи аввали сиёсати худ қарор додааст, вале масоили ҳалталаби муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Бохтар ҳанӯз зиёданд. Чунин вазъият ба таълиму тарбияи кӯдакон таъсири номатлуб расонида, нигоҳубини дилхоҳи онҳоро ғайриимкон месозад. Барои бартараф кардани мушкилоти соҳа талошҳои бештари мақомоти дахлдор ва мусоидати аҳли ҷомеа зарур аст.

Добавить комментарий