Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар  баҳри пешгирии бемории сироятии каронавирус аз ҷониби кормандони Корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзили шаҳр аз моҳи апрел то инҷониб дар 275 биноҳои баландошёна корҳои уфунатзудоӣ гузаронида шудааст.

Директори корхона мазкур Махфират Садирова зимни суҳбат қайд намуд, ки ин ҳама тадбирҳо ба хотири солимии ҷомеа  аз бемории сироятии COVID-19 рӯйи даст гирифт шудаанд.

— Кормандони мо ба тозагии шаҳр аҳамияти аввалиндараҷа дода, талош доранд, дар пешгирии ин  бемории хавфнок саҳм гузоранд, -илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки ҳоло дар корхона захираи маҳлули безараргардонӣ  ба қадри кофӣ мавҷуд аст ва баъзе биноҳои балнадошёна бори дуюм безарар гардонида шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here