Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ба тақрибан 300 оилае, ки аз омадани сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зарар дидаанд, кӯмаки ғизоӣ расонид.

Тақрибан 9500 истиқоматкунандаи деҳаҳои Н. Асадулло, 18-ум анҷумани ҳизб, Хуросон ва  Пахтаобод дар натиҷаи боришоти рӯзҳои 14-16 майи соли равон ва омадани сел зарар дидаанд. Бештар аз 300 хона қисман ва ё пурра зарар дидаанд.

Кӯмаки башардӯстонаи БОҶ аз 17 тонна орди ғанигардонидашуда ба оилаҳои зарардида иборат аст ва бо дархости Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонида шудааст.

— Мо аз чунин дастгирии саховатмандона ва пайваста миннатдорем. Ҳамкории мо бо БОҶ дар омодагӣ ва андешидани чораҳои ҷавобӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ба одамони ниёзманди саросари Тоҷикистон кӯмак мерасонад, — иброз дошт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода.

БОҶ фаъолона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳким бахшидани иқтидори Гурӯҳи фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда ва Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ кӯмак мерасонад. БОҶ инчунин захираи озуқаворӣ дар кишварро барои кафолати ёрии фаврӣ дар ҳолати фавқулодда дастгирӣ менамояд.

БОҶ дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият дорад ва яке аз аввалин ташкилотҳоест, ки дар радифи КҲФ, ки ҳамчун мақомоти давлатӣ ба ҳифзи аҳолӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар ҳолати офатҳо масъул аст, дар ҳолатҳои табиии ба инсоният хатарнок чораҳои ҷавобӣ меандешад.

Тӯли чор соли охир БОҶ бо мақсади бунёди ҷомеаи ба офатҳои табиӣ устувор ва пешбурди фаъолиятҳо дар байни аҳолӣ КҲФ-и Тоҷикистонро тавассути расонидани кӯмаки техникӣ, таъмин намудан бо таҷҳизот, ташкили тренинг ва омӯзишҳои ҳаматарафа ба кормандон дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ  дастгирӣ менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here