Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар садамае рух дод, ки одамони дохили мошин бо ёрии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо роҳи буридани дарҳои мошин берун бароварда шуданд.

Бар асари ин садама ду нафар ба ҳалокат расиданд ва шахси сеюм бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ шуд. Дар бартарафсозии оқибати ин садамаи марговар кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ширкат карданд.

Хабари ин садама ба навбатдори воҳиди вокуниши сареъи шаҳри Душанбе расид. Шоҳидони ин рӯйдоди мудҳиш барои ёрӣ муроҷиат карда буданд. Онҳо хабар доданд, ки дар мошини ба садама дучоршуда ронанда ва мусофирони он дармондаанд. Баъди лаҳзае навбатдорони гуруҳи наҷот иборат аз шаш нафар бо техникаи махсус ба ҷойи ҳодиса расиданд.

Ин садама дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух дода буд. Кормандони наҷот бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ дарҳои мошинро буриданд ва мошинро боз намуда одамонро аз дохили он берун оварданд.

Бар асари зарбаи шадид ронандаи 28-сола ва як духтари 21-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, як мусофири дигари мошин, духтари ҷавон ҷон ба саломат бурдааст. Ин духтар ҷароҳати сахт бардошта буд, аз ин рӯ ба наҷотдиҳандагон лозим омад хеле дақиқ кор кунанд, то барояш зарари дигар нарасад. Духтарро баъди аз дохили мошин кашидан ба бемористони ноҳияи Рӯдакӣ интиқол доданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here