Шӯрои ҳимояи журналистон (Committee to Protect Journalists) як ниҳоди бонуфузи байналхалқӣ раддабандии нави хатарноктарин кишварҳои оламро барои журналистон, ки бештари ҳолатҳои марги журналистон ноошкор мондааст, нашр кард. Раддабандии мазкур дар сомонаи расмии ин Шӯро нашр гардид.

Дар раддабандии мазкур  Филипин, бо он ки дар ин кишвар дар соли 2019-ум 41 ҳолати марги хабарнигорон асрорангез боқӣ мондааст, дар ҷои аввал қарор дошта, ноамнтарин кишвар барои кормандони ВАО арзёбӣ мешавад. Дар ҷойи дуввум Мексика (30 куштор) ва ҷои саввум Сомалӣ (29 куштор) қарор дорад.

Аз кишварҳои пасошӯравӣ Русия, бо он ки дар 6 ҳолати марги журналист қотилони он беҷазо мондаанд, дар зинаи 11-уми ин раддабандӣ қарор гирифтааст.

Гарчӣ дар Тоҷикистон қатлу куштори журналистон дар солҳои охир набудааст, аммо коршиносон хеле зиёд аз марги тадриҷии журналистон, дар натиҷаи асабонияту фишору камбуди иқтисодӣ мегӯянд.

Добавить комментарий