Як хонаводаи шаҳри Душанбе аз ҷомеа хоҳиш доранд, ки дар пайдо кардани духтарони бедаракшудаашон ёрӣ расонанд.

Аниса ва Мадина, ки яке 16 ва дигаре 13 сол дорад, рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Аниса баъд аз хатми синфи нуҳум аз идомаи таҳсил даст кашидааст ва Мадина дар синфи 7-уми мактаби рақами 36 мехондааст. То ҳол маълум нест, бо онҳо чӣ иттифоқ афтодааст, аммо пайвандонашон мегӯянд, пайи ин ду нафарро дар хонаи хешовандон наёфтанд.

Модари Аниса ва Мадина Хосият Муҳтоҷова ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки Мадина рӯзи 12-уми сентябр нахостааст ба мактаб равад, зеро пули китобҳои аз мактаб гирифтаашро напардохта будаанд. Нисфирузӣ хоҳараш Аниса пешниҳод кардааст, ки ба мактаб раванд ва ӯ ба муаллима вазъиятро мефаҳмонад. Соати 12:05 онҳо аз хона баромада, то ҳол бедарак ҳастанд.

РО дар хабари худ менависад, ки дар тӯли се рӯзи бедарак будани духтаронашон Ашӯровҳо фақат як занги телефонӣ қабул карданд ва он ҳам бо нидои “очаҷон” хотима ёфтааст, аммо шумораи он маълум набудааст.

Дар мактаби рақами 36-и пойтахт ба хабарнигори РО гуфтанд, ки Мадина хуб таҳсил мекард, аммо рӯзи 12-уми сентябр ба дарс ҳозир нашудааст.

Ҳар нафаре, ки дар бораи ин духтарон маълумоте дорад, метавонад бо рақами (+992) 904061606 ба волидонашон хабар диҳад.

Добавить комментарий