Сокинони чанд деҳаи дурдасти ноҳияи Ховалинг аз надоштани бунгоҳи тиббӣ азият мекашанду наметавонанд саривақт аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ба ин далел хабарнигори «Фараж» хост аз масъулин чанд суоле кунад, аммо шахси масъул бе иҷозати раиси ноҳия нахост суҳбат кунад.

Менеҷери ёрии аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ховалинг Иброим Раҷабов аз суҳбат ба намояндагони ВАО худдорӣ карда, гуфт, то иҷозати раиси ноҳияи Ховалинг набошад, ё  ӯ супориш надиҳад, дар ин боб суҳбат нахоҳад кард.

«Ман ба шумо ягон маълумот намедиҳам, то раиси ноҳия иҷозат надиҳад, мо бо намояндагони ВАО ҳамсуҳбат намешавем», — гуфт ин шахси масъул.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here