Дар 10 моҳи соли охир дар Тоҷикистон 1109 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 337 нафар фавтида, 155 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Ин нуқта дар дирӯз дар муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шифобахш» зикр гардид. Ин марказ бахшида ба рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни фавтида дар натиҷаи ҳодисаҳои ҳаракат дар роҳҳо ҳамоиш баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагон аз БДА, Вазорати тандурустӣ ва ВАО иштирок карданд.

Ҳамасола аз рӯйи маълумотҳои оморӣ дар давлатҳои ҷаҳон зиёда аз 1 миллиону 250 ҳазор нафар дар садамаҳои нақлиётӣ мефавтидаанд. Тибқи ҳисоботи оморӣ ҳамарӯза 3 ҳазор нафар дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ вафот карда, зиёда аз 100 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Аз рӯйи ҳамин ҳисоботҳои оморӣ, ҳамасола тахминан 180-190 ҳазор кӯдак дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиёт ба ҳалокат мерасанд.

Сармушовири сардори БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Холов Абдусаттор зикр кар, ки пешгирии садамаҳои нақлиётӣ яке аз вазифаҳои асосии БДА мебошад. Қонунгузорӣ онҳро вазифадор кардааст, ки ба аз кӯдакистонҳо сар карда, то мактабҳои миёна, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро шиноскунанд”.  

— Дар робита дар ин самт БДА дар шаҳр ва ноҳияҳо вохуриҳо бо хонандагон гузаронида мешавад, ки пеш аз ҳама омӯзиши қоидаҳои соддатарин ҳангоми ҳаракат дар роҳ равона карда шудааст, — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи сармушовири сардори БДА дар соли ҷорӣ як озмуни байналмилалӣ  бо иштироки дастаи нозирони наврас аз Ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор гардид. Дастаи нозирони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ҷойи аввалро ишғол карданд.

Разоқов Абдувалӣ ҳамоҳангсози миллии қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ дар назди Вазорати тандурустӣ гуфт, ки имрӯз дар кишвар тибқи қонунгузорӣ рӯзи ёдбурди қурбониёни садамаҳои нақлиёт қайд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки бори аввал ин рӯз аз тарафи ташкилоти ғайридавлатӣ дар Британияи Кабир қайд карда шуда буд, ки соли 2005 аз тарафи СММ дастгирӣ ёфт. Мақсади асосии чорабинӣ ҷалб кардани ҷомеаи шаҳрвандӣт ба мушкили фавтидагон ва қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Дар соли 2017-2018 шумораи воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ 430 ҳазор буда, дар муқоиса ба соли 2008 шумораи воситаҳои нақлиётӣ 130 ҳазор афзудааст.

Саидбекова Нигора

Добавить комментарий