Дирӯз дар   Маркази савдои  маъруф бо “Созидание” мизи мудаввар дар мавзуи занони деҳот дар паст кардани сатҳи зӯроварии хонаводагии маҳалҳо дар мисоли ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дӯстии вилояти Хатлон  бо иштироки занон ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар  мизи мудаввар занони фаъол доир ба чанд масъала, аз қабили паст кардани зӯроварӣ дар оила ва пурзӯр кардани нақши занон дар ҷомеа суханронӣ кардаанд. Донишҷӯдухтар  аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баромад карда, доир ба хониши имрӯзаи духтарони деҳот дар макотиби олӣ ибрози ақида карду гуфт:

— Аксари духтаронро бародаронашон  иҷозат намедиҳанд, то дар  донишкадаву донишгоҳҳо таҳсил кунанд. Мақсад аз  барпо кардани чунин мизу нишастҳо паст кардани вайроншавии оилаҳои ҷавон ва  пурзӯр кардани нақши занон дар деҳоти дурдасти кишвар мебошад.

Ин ҳам наворе аз ин мизи мудаввар:

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here