Бо ибтикори Донишгоҳи иқтисодиёт ва дипломатияи ҷаҳони Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таҳти унвони “Ӯзбекистон дар зерматни амнияти минтақавӣ ва дигаргуниҳои глобалӣ” нишасти байналмилалӣ баргузор гардид. Он дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Кента ва Кембриҷи Британия, Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии  Озарбойҷон роҳандозӣ шудааст. 

Нишасти мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи байналмилалии академикии КОМПАСС ташкил шуда, дар он коршиносони зиёд аз ИМА, Русия, Хитой, Испания ва Афғонистонро низ ширкат доранд.

— Дар олам дигаргуниҳои зиёд рух медиҳанд, ки ҳамаи соҳаву бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтаанд. Дар солҳои охир беҳбуд ёфтани фазои сиёсии Осиёи Марказӣ, байни кишварҳои ҳамҷавори он беш аз пеш мустаҳкам шудани эътимод ва боварӣ, ривоҷи ҳамкориҳои тарафайн эҳсос мешавад. Дар бобати ин тағйироти бузург нақши Ӯзбекистон ва сарвари он хеле бузург мебошад,-гуфт ҷонишини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Дилшод Аҳадов.

Гуфта шуд, ки дар Ӯзбекистон ба Ислом ва аҳамияти фарҳангиву ғоявии он арҷи бузург мегузоранд. Дар ин замина ташаббусҳои мақомоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусоидат менамоянд, ки фазои эътимод дар Осиёи Марказӣ бештар доман фарох намояд. Ҳамчунин ҷиҳати роҳандозии гуфтушунидҳои сулҳҷӯёнаи байни ҳукумати  Афғонистон ва мухолифони он  низ иқдомоти ҷиддӣ сурат мегиранд. Ин дар ҳолест, ки ташаннуҷи авзоъ дар ин кишвари ҳамҷавор боиси нигаронии мақомоти соири кишварҳои Осиёи Ммарказӣ боқӣ мондааст.

Тавре ки дар ин нишаст зикр гардид, ташаккулёбии Осиёи Марказӣ ба сифати маркази рушди тиҷорат ва технологияҳои трансконтиненталӣ чи барои Афғонистони ҳамҷавор ва чи барои соири кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна аҳамияти калидиро касб менамояд.

Холмуҳаммад Самиев, декани факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори “Фараж” изҳор кард, ки ин нишасти нахустин  бо ширкати намояндагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Британия мебошад.

— Барқароршавии робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бо ҳидоят ва ташаббусҳои ду сарвари давлат ба вуқӯъ пайваст, комилан як қадами бузургест дар мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстии мардуми ду кишвари бародар. Амну суботи минтақавӣ маҳз аз мустаҳкамшавии дӯстиву рафоқат маншаъ мегирад. Инро ҳама дарк мекунанд,-мегӯяд Холмуҳаммад Самиев.

Ба таъкиди ӯ ҳоло як шароити хубу мусоиде барои рушди ҳамкориҳо фароҳам омадааст, ки соҳаҳои илму фарҳанг ва таҳсилот дар донишгоҳҳоро низ васеъ фаро гирифтааст. Холмуҳаммад Самиев тазаккур дод, ки ба таври мисол, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷавонони зиёди ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд ва чунин табодули кадрҳо дар ин замина аз ҳар ду ҷониб беш аз пеш рушду нумӯъ мекунад.

— Ин низ дар барқарории суботу амният, таҳкими ҳамкориҳо хеле нақши муассир мебозад,-иброз дошт Холмуҳаммад Самиев.

Тибқи барномаи ин нишаст иштирокчиёни он тайи ду рӯз масъалаҳои барои Осиёи Марказӣ хеле умда ва муҳимро баррасӣ мекунанд. Ба ин масъалаҳо бояд аз равзанае нигоҳ кард, ки фазои навро дар муносибатҳои байни ҳамсояҳо ба бор овардааст, нақши он дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилал бузург мебошад. Гузашта аз ин,  барои он ки таҳкими амният ва суботи фазои Авруосиё  таъмин гардад, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ назари боэътимод мебояд,  ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии бузургмиқёси инфрасохторӣ дар Осиёи Марказӣ низ  бояд нуқтаи назарҳо бо ҳамдигар мувофиқат кунанд.

Мирасрор Аҳроров,

Хабарнигори “Фараж”.

Тошканд.

Добавить комментарий