Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, қарори боло бурдани нархи нерӯи барқ дар кишвар ба хотири ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” аст.

Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одиназода дирӯз, 17-уми июл, дар нишасти матбуотӣ гуфт, қарори боло бурдани арзиши нерӯи барқ аз ҷониби Ҳукумати кишвар, аз 22-юми июни соли равон, таҳти рақами 329, “Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ” ба имзо расидааст ва аз 1-уми сентябр мавриди амал қарор дода хоҳад шуд.

-Тарифҳо барои аҳолӣ дар сатҳи 22, 66 дирам муқаррар гардидааст. Далели аслии ин қарор беҳтар кардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” аст. Ҳеҷ кас бар зарари худ кор кардан намехоҳад. Шумо огоҳ ҳастед, ки вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” дар кадом сатҳ қарор дорад ва он хароҷотҳое, ки вобаста ба хизматрасонии нерӯи барқ ҳастанд, бояд ҳатман рӯйпӯш карда шаванд. Тарифи амалкунандаи нерӯи барқ барои аҳолӣ ва дигар гуруҳи истеъмолкунандагон арзиши аслии онро пӯшонда наметавонад. Аз ин рӯ, бо сабаби рӯйпӯш кардани хароҷоти воқеъии ширкати “Барқи тоҷик” тарифҳои арзиши нерӯи барқ аз соли 2015-ум инҷониб зина ба зина, то 15-16 дарсад баланд бурда шуда истодааст, — гуфт Н. Одиназода.

Ба гуфтаи ин масъули Хадамот, “Қариб ду миллиард қарзҳову грантҳо барои беҳбудии соҳаи энергетика ҷалб шудаанд ва оҳиста- оҳиста барои баргардонидани қарзҳо аз ҳисоби муштариён тарифҳо мунтазам боло бурда мешаванд. Қарзҳо аз ҳисоби муштариён бояд пардохт гарданд, на аз буҷаи давлат”.

Аммо ин масъул нагуфт, ки ин ду миллиард зикршуда доллар аст ё сомонӣ.

Ин дар ҳолест, ки овозаи боз беш аз ду дирам боло рафтани арзиши нерӯи барқ сокинони кишварро нигарон кардааст.

Бархе аз сокинони деҳоти кишвар бар он назаранд, ки наметавонанд маблағи тарофаи феълии нерӯи барқро сари вақт пардохт кунанд. “Агар боз нарх боло равад, маҷбур мешавем, аз истифода қувваи барқ даст кашем ва боз ба таппаку пилтачароғи бобогӣ рӯй биёрем”. Қисме ҳам мегӯянд, минбаъд аз батареяҳои офтобӣ истифода хоҳанд кард, ки барояшон ба маротиб арзону безарар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here