Дар Тоҷикистон як муассисаи нави давлатӣ ташкил хоҳад шуд, ки ба нигоҳдории нақбҳо, шабакаҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои роҳ дар ҷодаҳои байналмилаливу дохилӣ машғул хоҳад буд.

Ҳукумат ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки ин ниҳодро бо қарори худ 4-уми октябр ташкил кунанд. Дар ин бора ОИ “АП” хабар дод.

Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ин муассисаи нав «бо мақсади рушди соҳаи нигоҳдории роҳҳо ва беҳтар кардани истифодаи имкониятҳои техникии нав дар саноат» таъсис дода мешавад.

Ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ба Вазорати молия масъалаҳои маблағгузории фаъолияти муассисаи давлатии навтаъсис дода мешаванд.

Тибқи маълумоти ҳукумат, бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҷумҳурӣ панҷ нақб бо дарозии 18 километр сохта шудааст. Дар маҷмӯъ, барои бунёди ин иншоот беш аз 248 миллион доллар сарф шудааст.

Дар акс нақби “Хатлон” дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб. Акси “АП”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here