Дар маркази фарҳангии “Бохтар” дар шаҳри Душанбе барномаи озмуни миллии “Ҷоизаи мусиқии Бобо” бо иштироки ташкилкуннандагон ва иштирокчиёни ин озмун баргузор гардид. 

Дар барнома қайд гардид, ки барномаи консертии озмуни миллии “Ҷоизаи мусиқии боб” санаи 29-уми сентябр соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев сурат мегирад, ки даромадан озод ва чиптаҳо ройгон аст. Хоҳишмандон метавонанд чиптаҳоро аз хазинаи филармония дастрас намоянд.  

Гуфта шуд, ки Маркази фарҳангии “Бохтар” бо дастгирии дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Сафорати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҶТ, Сафорати Фаронса дар ҶТ, Тселл ва Вазорати фарҳанги ҶТ ин озмуни милииро баргузор менамояд.

Ба озмуни мазкур, ки аз 1-уми май то 15-уми августи соли ҷорӣ дархостҳо қабул гардиданд, 45 нафар дархостҳои худро пешниҳод намуданд, ки аксарияти онҳо сокинони шаҳри Душанбе будаанд. Ба гуфтаи менеҷери лоиҳаи мазкур Дина Миллер ба даври ниҳоӣ танҳо 11 нафар аз ҷониби ҳакамон ба даври ниҳоӣ гузаштанд, ки дар барномаи консертӣ ҳунари худро пешкаши шунавандагон мегардонанд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагони озмун мақсади лоиҳа дастгирии навозандагон ва сарояндагони ҷавоне, ки бохабар аз услуби мухталифи мусиқӣ ҳастанд, маҳсуб меёбад.  Ҳамзамон, яке аз мақсадҳои асосии лоиҳа илҳом бахшидан ба навозандагон ва сарояндагони ҷавон нисбати навовариҳои бадеӣ, эҷодиёт ва ҳамзамон ҷалби диққат ба фарҳангии милии Тоҷикистон дар сарорсари дунё ба ҳисоб меравад.    

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here