Баъд аз сафар ба Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, ки аз кори мақомоти ин вилоят эрод гирифта шуд, президенти Тоҷикистон бо фармони худ расиони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз вазифа озод кард ва ба ҷойи онҳо нафарони дигарро таъйин намуд.

Дар фармони 18-уми сентябр ба имзо расида, омадааст, ки Маҳтобшозода Арамбегим Бозор аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуда, Шамиров Кишвар Ғуломрасулович раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карда шавад.

Дар идома, Имомназар Хоҷаназар Лутфулло аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор гардида, ҷойи ӯро дар ин вазифа Додихудоев Фарух Муборакшоевич гирифтааст.

Ҳамчунин, Султонноёбов Юсуф Юсуфович аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуда, Мамадшоев Давлатшо Силтоннаҷотович раиси ин ноҳия таъйин гардидааст.

Дар акс Маҳтобшозода Арамбегим Бозор

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here