Бориши барф дар моҳи дуюми фасли баҳор  боиси камҳосилу сармо задани боғу токзор ва зироатҳои кишоварзони вилояти Хатлон гардид.

Аз шаби 8 ба 9 апрели соли равон дар вилояти Хатлон то ҳол барф меборад, ки ин барфи баҳорӣ аксарияти кишоварзону боғдоронро дар Хатлон нигарон кардааст.

Талабшо, сокини ноҳияи Кӯшониён, ки дар майдони як гектар боғ дорад ва дар он 380 дарахти мевадиҳанда аз қабили себ, шафтолу, олу, олуча, хурмо ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаро парвариш мекунад, дар сӯҳбат иброз дошт, ки солҳои сол чунин ҳолатро надида буде, ки дар моҳи апрел барф борида бошад.

— Ин барф боиси аз байн бурдани ҳосили 380 дарахти ғарқи гул мешавад, зеро навдаҳои аксари дарахтон шикаста, гулҳояш ба замин рехтаанд, — илова кард бо алам ин деҳқони хатлонӣ.

Ӯ гуфт, аз ин боғ ҳамасола  беш аз даҳ ҳазор сомонӣ даромад ба даст меовард, ки онро имсол барф ба худ бурд.

Ба ин монанд, даҳҳо кишоварзи дигар аз шаҳру  ноҳияҳои вилояти Хатлон гуфтанд, ки ин барф ба ҳосили зироати кишоварзӣ, помидору бодиринг, қаланфуру либиёгиҳо ва ҳосили боғҳои онҳо зарар расонд.

Мутахассисон ба кишоварзон ва боғдорон тавсия медиҳанд, ки дар чунин рӯзҳо бояд дар назди дарахтони худ дуд биандозанд, зеро ин кор то андозае ба ҳосили дарахтон фоидаовар аст.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмадшариф Холов қайд намуд, ки барф то андозае зарари худро ба киштзори барзгарон ва дарахтони боғдорон мерасонад.

— Ҳаво агар аз сифр поён шавад, ниҳолҳои пахтаро, ки аз хок берун шудаанд сармо мезанад ва ба дарахтони мевадиҳанда низ зарари худро мерасонад, — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here