Дар хабар аст, ки пас аз як моҳи дигар парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Кумитаи ҳавопаймоии кишварии Қазоқистон дар вебгоҳи худ эълон кардааст, ки қарор аст, аз рӯзи 14-уми декабри 2018 нахустин хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Остона ва Душанбе анҷом шавад.

Барномарезиҳо барои роҳандозии парвози мустақими ҳавоӣ миёни Остона ва Душанбе бо мусоидати ширкати ҳавопаймоии «Скат»-и Қазоқистон ва дар чорчуби фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ–тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон сурат гирифтааст.

Парвозҳо дар масири Душанбе-Остона ҳафтае ду бор дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа доир шуда, қимати билет барои ҳар мусофир 124 доллар хоҳад буд.

Пеш аз ин, парвози миён ду пойтахт аз тариқи шаҳри Алмаато, пойтахти пешини Қазоқистон, тавассути ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Остона Эйр» анҷом мешуд.

Добавить комментарий