Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон рӯзи 29-уми ноябр дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи худро баргузор кард. Дар ҷаласаи Шӯро роҳбарон ва намояндагони васоити ахбори оммаи мустақил ва ҳукуматии кишвар ширкат карданд.

Устоди ДМТ, узви раёсати Шурои ВАО Қироншоҳ Шарифзода дар мавзӯи «Натоиҷи 6-моҳаи мониторинги риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» дар ВАО-и кишвар, Илҳом Ҷамолиён, муовини раиси ИЖТ дар вилояти Суғд, дар мавзӯи «Омилҳои аслии рушд накардани бозори реклама дар ВАО-и тоҷик”, Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ » Хома» дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии бозори реклама дар ВАО» суханронӣ карданд. Дар интиҳои ҷаласа аъзои нави раёсати Шӯро ва раиси нави Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гарданд.

Илҳоми Ҷамолиён ва Дилором Маҳкамова ба ҷойи Шаҳло Акобирова ва Хуршеди Атовулло аз миёни чор номзад узви раёсати Шӯрои ВАО интихоб гардиданд.

Тибқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби аъзои раёсати Шӯро сардабири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар ин симмат Шаҳло Акобироваро, ки тайи ду соли ахир Шӯрои ВАО-ро роҳбарӣ мекард, иваз намуд.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон соли 2009, ҳамчун як созмони мустақили журналистӣ ташкил карда шуд. Он дар баробари ҳимоят аз ҳуқуқи журналистону хабарнигорон, инчунин, муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ пайгирӣ мекунад.

Дар гузашта созмони мазкурро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев ва Хуршеди Атовулло раҳбарӣ кардаанд.

Добавить комментарий