Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бо мақсади пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард, риояи қоидаҳои ҳаракати  роҳ аз сӯи ронандагону пиёдагардон ва таҳияву ба танзим овардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии воситаҳои нақлиёт амалиёт ҷараён дорад.

Танҳо дар  даҳ рӯзи охир, яъне аз 8 то 18 сентябр 424 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудаанд. Аз ҷумла, 8 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бидуни иҷозатномаи махсус, 1 ҳолати маст идора кардани мошин, 16 ронанда бо сабаби бо суръати баланд ҳаракат намудан, 25 мошин ба иллати аз санҷиши техникӣ нагузаштан, 23 ҳолати итоат накардан ба аломатҳои роҳ ба қайд гирифта шуда, ба ҳамин минвол 344 мошини дигар  бо сабаби надоштани рақамҳои давлатӣ ва рақамҳои кишварҳои хориҷию худсохт  боздошт гардидаанд.

Дар даҳ рӯз 19 адад воситаи нақлиёт мавриди санҷиши техникӣ қарор дода шуда, нисбат ба 37 ронанда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия гардидааст ва онҳо дар ҷамъ ба маблағи 3 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ба шаш нафар ронанда иҷозатномаи махсус, ки маблағи он 15 ҳазор сомониро ташкил дод, дода шудааст.

Добавить комментарий