Иҷрокунандаи вазифаи сафир (кордор)-и Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмаъсуми Бадахш, ки тӯли ду соли охир дар ин симмат фаъолият дошт, маъмурияти худро ба анҷом расонд. Ба ҷои ӯ Аҳмад Амирзода, ки қаблан ба ҳайси консул дар сафорати Афғонистон адои вазифа мекард, таъйин гардидааст.

Ҳамчунин, дар баробари Саидмаъсуми Бадахш маъмурияти котибони дуюми сафорат Фаҳими Куҳдоманӣ (масъули бахши фарҳангӣ ва ташрифот) ва Хайруллои Порсо низ ба поён расид. Эшонро дар ин масъулият Ҷовиди Шуъла ва Абдулкабири Қосим (бахши консулии сафорат) иваз карданд.

Маросими худоҳофизӣ шоми дирӯз, 23-юми декабр дар сафорати Афғонистон, бо ширкати масъулини сафорат, гуруҳе шаҳрвандони афғони муқими Тоҷикистон, инчунин, хабарнигорону чанде аз кормандони собиқи давлатии кишвар сурат гирифт.

Оқои Саидмаъсуми Бадахш дар як суҳбат ба “Фараж” гуфт, тӯли фаъолият ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сафири ҶИА дар Тоҷикистон шоҳиди таҳаввулоти бештар дар равобити ду кишвар будааст. Ба гуфтаи мавсуф, миёни ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя давоми солҳои барқарории равобит ҳудуди 80 санади ҳамкорӣ дар арсаи фарҳангию иқтисодӣ ба имзо расонида шудааст.

— Соли ҷорӣ мо тавонистем, ки ҳафтумин комисюни байниҳукуматии техникӣ, иқтисодӣ, иҷимоӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратию энержитикии ду кишварро дар сатҳи вузаро дар Душанбе доир кунем ва санадҳои ҳамкориҳои судмандро дар ин самтҳо ба имзо расонем,-гуфт ҷаноби Саидмаъсуми Бадахш.

Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Бадахш ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.

— Агар мо ба омор дар равобити тиҷоратии ду кишвар таваҷҷуҳ кунем, бо далоили мухталиф қаноатбахш нест. Возеҳ буд, ки як муддат масирҳои тронзитӣ ноамн ва баъзан қавонини сахтгирона буд. Албатта, ҳамаи ин монеи рушду равнақи тиҷорат гардид. Тоҷикистону Афғонистон зарфиятҳои бештаре доранд, ки равобити тиҷоратии худро дар бахшҳои мухталиф густариш ва тақвият бахшанд. Мо метавонем, тиҷорати меваҳои фаслиро дар фаслаш роҳандозӣ намоем ва бо ин роҳ аз фосид шудани меваҳои тоза ҷалавгирӣ кунем. Ин як тиҷорати бисёр хуб ба нафъи боғбону деҳқон хоҳад буд,-иброз дошт Саидмаъсуми Бадахш.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here