Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медӣхад, ки имрӯз, 24-уми сентябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани туман дар назар аст.  Шамол дар баъзе ноҳияҳо аз самти ғарб то 10-15 метр дар як сония мевазад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани туман дар назар аст. Шабона +12 +17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +12+14 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий