Фурудгоҳи байналмилалии маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа дар кори худ танаффуси маҷбурӣ эълон кардааст.

Бино ба навиштаи радиои «Озодӣ» фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа дар фаъолияти худ танаффус эълон кардааст, ки дар натиҷа аз 200 нафар кормандон беш аз 120 кас ба рухсатии бемузд фиристода шудааанд.

Гуфта мешавад, ки ягона ширкати русие, ки дар хатсайри Қурғонтеппа-Маскав-Қурғонтеппа парвоз анҷом медодааст, аз ин масир даст кашидааст. Ин парвоз ягона манбаи даромади фурудгоҳ будааст. Як корманди ин фурудгоҳ ба РО гуфтааст, ки то моҳи майи имсол ширкати русии “Вим Авия” дар масири Маскав-Қурғонтеппа ва Қурғонтеппа-Маскав парвоз анҷом медод, аммо ин ширкат низ парвозҳояшро қатъ кардааст ва маъмурияти фурудгоҳ бинобар набуди даромад ва қарздорӣ аз андоз маҷбур шудааст, ки аксарияти коргаронро ба рухсатии бемузд фиристад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here