Имрӯз, 31-уми октябр, таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида бо мақсади такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон таҳия  гардидааст. Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур, барои мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси шаҳрсозӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта мешавад.

Дар иҷлосия вакилони мардумӣ ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»-ро низ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Зимни баромади хел вакилон иброз намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ  намудани он ба талаботи пешбини намудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Париж “Оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ”, Созишномаи Мадрид “Дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо” ва Шартномаи Сингапур “Дар бораи қонунҳои тамғаи молӣ” таҳия гардидааст.

 Зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» вакилони Маҷлиси намояндагон таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», аз лиҳози талаботи забони давлатӣ такмил додан, муқаррар намудани якчанд меъёрҳои нав вобаста ба талаботи замони муосир,  инчунин, густариш додани муносибатҳо ва робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо таҳия гардидааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, дар анҷоми иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Добавить комментарий