Дар соли гузашта Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, бонкҳо ва як қатор муассисаҳои буҷетӣ 338 санҷишҳои аудиторӣ гузаронида, 396,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардааст.

Раиси Палатаи ҳисоби кишвар Чиллазода Қарахон имрӯз, 31-уми январ, зимни нишасти матбуотии ниҳод дар ин бора иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи номбурда, санҷишҳо нишон доданд, ки зарари молиявии расонидашуда назар ба ҳамин давраи соли 2017-ум 224,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

-Аз маблағи умумии зарари молиявӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 211,3 млн., камомаду тасарруфи васоити пулию молӣ 81,8 млн., талафи воситаҳои пулию молӣ 23,7 млн., руйпӯш кардани андозҳо 56,8 млн., изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 20,2 млн., зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,9 млн., пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳои  давлатӣ 514,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд,-гуфт Чиллазода.

Гуфта шуд, аз 396,2 миллион зарари молиявӣ расонидашуда 289,5 миллион сомонии он ба буҷет ва муассисаю ташкилотҳо барқарор карда шуд.

Добавить комментарий