Ҷеннифер Халлер аввалин амрикоизан дар ҷаҳон аст, ки воксинро аз коронавирус дар худ таҷриба кард. Ӯ дар суҳбат бо идораи  The Telegraph аз эҳсосоти худ ҳарф задааст, ки дар ин бора ОИР “Новости” субҳи имрӯз хабар дод.

— Рӯзи аввал ҳарорати баданам баланд буд. Рӯзи дигар дастонам сахт дард мекард. Бо ҳамин тамом, баъди ин ҳамааш ҷо ба ҷо шуд, — гуфтааст зан.

Аз рӯйи гуфти довталаби ихтиёрӣ, иштирокаш дар таҷриба ба ӯ имкон дод, то саҳми худро дар мубориза бо коронавирус гузорад. Вай боварӣ дорад, ки воксини  таъсиррасон сохта хоҳад шуд. Халлер аз  иштирокчии ин раванд маҳсуб ёфтанаш фахр кардааст.

Ба наздикӣ сокини  44-солаи Сиэтл дар назар аст, ки воксинро дуюмин шуда дар худаш санҷад. Ӯ зери назорати мутахассисон то баҳори соли 2021 хоҳад монд.

Ба воксине, ки донишгоҳи Сиэтл бо ҳамкории ширкати биотехникии  Moderna  (дар Кембриҷ, иёлати Массачусетс) сохтааст, РНК-1273 ном ниҳодаанд.  Он аз таҷриба бо ҳайвонот муваффақона гузашт.

Аз рӯйи омори СҶТ дар ҷаҳон 1,8 миллион нафар аз COVID-19 сироят ёфта, 113 ҳазор кас фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here