Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози точик вохӯрии дуюмро дар Чемпионати Осиё-2018-U-19 шоми дирӯз бо дастаи Малайзия баргузор кард, ки бо натиҷаи мусовии 2:2 ба охир расид.

Футболбозони мо се гол заданд, аммо якеро ба дарвозаи худ. Голҳои задаи Эҳсони Панҷшанбе ва Далер Ёдгоров дар қисми якум дар ҷавоби голи дар дақиқаи 11-уми задаи Малайзия буд, аммо Ваҳдат Ҳанонов пас аз як иштибоҳ тӯбро ба дарвозаи Қирғизбоев ворид ва натиҷаро мусовӣ кард.

Дар ин бозӣ довар ба як бозигари Малайзия ва як бозигари Тоҷикистон корти сурх нишон дод. Бозигари дигари тоҷик Зиёвуддин Фузайлов, ки дар дақиқаи 77-ум ба майдон баромад, баъд чанд дақиқа бо бардоштани захм рост аз майдон ба бемористон интиқол дода шуд. Баъдтар маълум шуд, ки захми ӯ, чуноне ҳадс зада мешуд, шикастани по набуда, балки баромадани буғуми пои рост будааст.

Дар бозии дигари ин давр Чин боз ҳам бо натиҷаи 0:1 ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Арабистони Саудӣ бо 6 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.

Барои шогирдони Мубин Эргашев зарур аст, ки дар бозии охир бо арабҳо ҳадди ақал мусовӣ кунанд, то ба даври чорякфинал роҳ ёбанд.

Дар гуруҳои дигар вохӯриҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд:

Гуруҳи «А»

Даври 1

Индонезия –Тайбэйи Чин – 3:1

Аморати Араб – Қатар – 2:1

Даври 2

Тайбэйи Чин – Аморати Араб – 1:8

Қатар – Индонезия – 6:5

Гуруҳи «В»

Даври 1

Ҷопон – Кореяи Шимолӣ – 5:2

Ироқ – Таиланд – 3:3

Даври 2

Кореяи Шимолӣ – Ироқ – 1:0

Таиланд – Ҷопон– 1:3

Гуруҳи «С»

Даври 1

Вйетнам – Урдун – 1:2

Кореяи Ҷанубӣ – Австралия – 1:1

Даври 2

Австралия – Вйетнам – 2:1

Урдун –Кореяи Ҷанубӣ – 1:3

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here