Ҷавони ҳаммоле, ки дар маркази савдои “Москва” ба боркашонӣ машғул будааст, баъди латукӯби посбонҳои ин марказ ба ҳалокат расидааст.

ИА «АП» бо истинод аз бародари ҷавони кушташуда навишт, ки ҷавони ҳаммол сокини 27-солаи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Наврӯз Каримов будааст. Ба гуфтаи ӯ бародараш бе иҷозати посбонҳо борҳоро аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол додааст ва бо ҳамин далел мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав айни ҳол дар ин бора маълумоте нест. Сухангӯи сафорат Сарвар Бахтӣ ба «АП» гуфтааст, ки ин маълумот дар ҳоли дақиқ шудан аст.

Дар иттилои аввал гуфта мешуд, ки ҷавони ҳаммол баъд аз латукӯб дар бемористон аст ва ҳамватанони ӯ барои дифоъ аз вай ба назди МС «Москва» омадаанду ҳудуди 50 то 200 нафарашон аз ҷониби полис боздошт ва ба Люблино оварда шудаанд.

Добавить комментарий