Ба назар мерасад, ки ҳанӯз дар мактабҳои пойтахт хонандагон аз авбошиву зӯргӯӣ даст накашидаанд. Яке аз чунин хонандаҳои авбош дар назди мактаб ба нафари дигари ҳамсоли худ бо олоти буранда ҳамла кардааст.

Бо доир кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, бачаи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-уми як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шудааст.

Номбурда, рӯзи 11-уми октябри соли 2017, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар назди Муассисае, ки таҳсил менамояд, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаааст. Вай бо ноболиғи дигар, бачаи 17-сола, ҷангу ҷанҷол карда, дар рафти хархаша бо олоти халандаю бурранда 1 маротиба ба қафаси синаи рақибаш задааст. Дар натиҷа ноболиғи дуюм ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here