Киноҷашнвораи «Лолаи тиллоӣ», ки бо ибтикору дастгирии сафорати Фаронса ва Маркази фарҳангии «Бохтариён» дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ шоми 1-уми декабр дар кинотеатри «Зебунисо» доир гардид, ки ҳаводорони кино ва меҳмонҳои хориҷиро ба ҳам овард. Мутасаддиёни ҷашнвора иттилоъ доданд, ки давоми 6 рӯз дар толори кинотеатри » Ватан» ва «Тоҷикфилм» беш аз 20 филми коргардонҳои ҷавони тоҷик пешкаши ҳаводорон ва ҳакамон карда шуд.

Се коргардони ҷавон — Таҳмина Ҳакимова (Радиои Озодӣ) барои филми кутоҳи «Пудина», Далери Эмомалӣ (Радиои Ватан ва «Суғдсинамо») барои филми «Умар-ако» ва филми «Дӯғоб»-и коргардон Зайнулобиддин Мусо, ки дар киностудия «Тоҷикфилм» истеҳсол шудааст, сазовори ҷоизаи «Лолаи тиллоӣ» гардиданд. Ҳамчунин, як ҷоиза ба номи коргардони номвари синамои тоҷику узбек шодравон Комил Ёрматов барои саҳми бозасо дар рушди синамо ба пайвандонаш тақдим карда шуд.

Добавить комментарий