17  ноябр дар Муассисаи давлатии  «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе намоиши театришуда бахшида ба маросими ба истифода додани агрегати якуми  Неругоҳи  барқии обии «Роғун» баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа оташбозии рангаи (фейерверк) идона сурат мегирад.

Дар барномаи театришуда  устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ ба фазои   идонаи Тоҷикистон шукӯҳи тоза  хоҳанд бахшид.

Ҳамчунин, дар ин рӯз, дар тамоми боғҳо ва маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти оммавӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ, майдони 800-солагии Москваи  ноҳияи Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ  дар ноҳияи Сино баргузор мегарданд.

Добавить комментарий