Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки дар инфиҷори як бино дар шаҳри Магнитокорски Русия то ҳол аз ҳалокати 11 нафар хабар дода мешавад. Чанд тани дигар зинда, вале дар ҳоли вазнин берун оварда шудаанд. Дар миёни зиндаҳо тифлаки 11-моҳа низ будааст. Бино ба хабарҳо зери ин вайрона як хонаводаи тоҷик аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд.

Аз  зери вайронаҳои як хонаи инфиҷорёфта аз таркиши газ дар шаҳри Магнитогорски Русия 11 ҷасад берун оварда шудааст. Теъдоди ҳалокшудагон номаълум аст. Мақомоти наҷот корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро идома медиҳанд.

Ин хона шаби 31-уми декабр бар асари инфиҷори таҷҳизоти газӣ ба харобазор табдил шудааст. Бино ба гузоришҳои расмии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия то кунун чанд нафар зинда берун оварда шудаанд ва дар бемористон бистарианд. Яке аз онҳо тифли 11-моҳа будааст. Табибон ҳоли аксари бистаришудагон дар бемористонҳоро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Чуноне хабар дода будем, як хонаводаи тоҷик низ зери ин бинои валангор мондааст ва аз сарнавишти онҳо иттилое дар даст нест. Танҳо падари хонавода, ки 28 сол доштаву аз ӯ Шуҳрат ном бурда мешавад, зинда берун оварда шудааст. Гуфта мешавад, ки айни замон вазъи саломатии ӯ вахим аст. Ҳасари 24-солаи ӯ бо фарзандонаш Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Сайдмуҳсини 3-сола зери харобаҳои бино будаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here