30-юми август дар хоҷагии деҳқонии Абураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи дарҳои кушод бо иштироки наздик ба 200 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи вилояту ноҳия, бонкҳо ва соҳибкорон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии соҳибкороне, ки дар ин самт кору фаъолият мебаранд ташкил шуда, Бонки Эсхата дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP)» — роҳандозӣ мекунад.

Дар чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳомидҷон Ҳакимбоев, сардори шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори Вазорати кишоварзӣ Абдуқодир Соҳибов, намояндагони лоиҳаи ECTAP Катя Гёртз — менеҷери лоиҳа, Усмонқул Ботуров — муовини роҳбари лоиҳа ва ҳамоҳангсоз оид ба рушди қарзхои соҳаи кишоварзии ҶСК «Бонки Эсхата» Алиҷон Сулейманов баромад карда, дар бораи лоиҳа, имконияти гирифтани техника ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ тариқи хатти қарзии Бонки Эсхата сухан карданд. Инчунин, баромадкунандагон қайд карданд, ки дар чорчӯбаи лоиҳа хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ қарзҳои дастрасро барои рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, боғу токпарварӣ, асалпарварӣ, чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гуштиву ширӣ  гирифта метавонанд.

Дар чорабинӣ гранти бебозгашт дар ҳаҷми 20% аз андозаи қарз, ки барои мизоҷони Бонки Эсхата аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд пешбинӣ шудааст, дода шуд. Мизоҷон Шуҳрат Худойбердиев ва Ғайрат Мустафоев аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ҷумаъабой Бобоев аз Мастчоҳ соҳиби гранти бебозгашт шуданд.

Добавить комментарий